Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Равшан”-и Кӯлоб – ғолиби Ҷоми Тоҷикистон-2020

19.10.2020

: 826

Клуби футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дар бозии финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 бар тими “Хатлон”-и Бохтар бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда, ҷомро ба даст овард. Голи ягонаро ҳимоятгари “Равшан” Далер Шомуродов дар дақиқаи 67-ум аз пеналтӣ зад.

Фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон 35 000 сомониро ташкил медод. Ба ғолиб 20000 сомонӣ ва ба дастаи ҷои дуюм 15000 сомонӣ тақдим шуд. Ҳамчунин, ба беҳтарин бозингари бозии финалӣ 3000 сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки насиби нимҳимоятгари “Равшан” Абдураҳмон Нозимов гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бори аввал дар таърихи мусобиқаи Ҷоми кишвар намояндаи лигаи якум пирӯз шуд.
Дастаи “Равшан” маротибаи дуюм аст, ки соҳиби Ҷоми Тоҷикистон мешавад. Қаблан, 26 сол пеш, соли 1994, ҷомро болои сар карда буд.

Ҷоми Тоҷикистон-2020

Финал
«Равшан» (Кӯлоб) – «Хатлон» (Бохтар) – 1:0

Гол: Далер Шомуродов, 67 – аз пеналтӣ.

Беҳтарин бозингар: Абдураҳмон Нозимов (“Равшан”).

18 октябр. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ.