Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби футболи кишвар моҳи ноябр ду бозии дӯстона анҷом медиҳад

14.10.2020

: 831

Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар ду бозии рафиқона моҳи ноябри соли равон муайян шуданд.

Мунтахаби кишвари мо 7 ноябр бо тими мунтахаби Баҳрайн, 12 ноябр бошад, бо дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб бозӣ хоҳад кард. Ҳар ду вохурии дастаи Усмон Тошев дар сафар – шаҳри Дубайи АМА доир мегардад.
Омодагиро ба ин бозиҳо дастаи мунтахаби Тоҷикистон охири моҳи октябр шуруъ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки бо сабаби пандемияи COVID-19 бозиҳои чор даври охири марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар қораи Осиё ба соли оянда гузаронида шуд. Мунтахаби Тоҷикистон дар соли 2021 бо дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Муғулистон ва Мйанма бозӣ хоҳад кард.

Бозиҳои рафиқона

7 ноябр (шанбе)
Баҳрайн – ТОҶИКИСТОН
Дубай, АМА

12 ноябр (панҷшанбе)
АМА – ТОҶИКИСТОН
Дубай, АМА