Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Президенти UWW нисбат ба баргузории ЧҶ-2020 "эҳтиёткорона хушбин" аст

14.10.2020

: 767

Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гуштин (UWW) Ненад Лалович пас аз қабули қарор дар бораи баргузор кардани Чемпионати ҷаҳон дар моҳи декабр, нисбат ба бозгашти ин намуди варзиш "эҳтиёткорона хушбин" аст.

Кумитаи иҷроияи UWW нақшаҳои мавҷударо барои баргузории мусобиқа дар Белгради Сербия аз 12 то 20 декабр, ки аз ҷониби беш аз 70 фоизи федератсияҳои миллӣ дастгирӣ ёфтааст, тасдиқ кард.
Қарор аст 6 ноябр зимни ҷаласаи навбатӣ ҳама гуна тағйирот дар чемпионат дар робита ба таъсири эҳтимолӣ ҷиҳати иштирок, ки дар натиҷаи маҳдудиятҳои COVID-19, пеш омаданашон мумкин аст, баррасӣ карда шавад.

"Мо нисбат ба бозгашти гуштин дар моҳи декабр эҳтиёткорона хушбинем, - гуфт Лалович. - Бехатарии варзишгарон, мураббиён ва кормандон вазифаи аввалиндараҷаи мост ва мо тамоми чораҳоро меандешем, ки ин кор дар Белград рӯй диҳад".
Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон, ки бояд як ҳафта пеш аз мусобиқаи калонсолон дар Белград баргузор мешуд, барҳам хурд. Моҳи гузашта чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонони то 23-сола низ, ки аз 23 то 29 ноябр дар Тампереи Финландия ба нақша гирифта шуда буд, аз ҷониби UWW бо сабаби маҳдудиятҳои COVID-19 лағв карда шуд.