Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Конференсияи интихобии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон доир шуд

Конференсияи интихобии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон доир шуд Конференсияи интихобии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон доир шуд Конференсияи интихобии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон доир шуд

13.10.2020

: 3373

Дар шаҳри Душанбе конференсияи ғайринавбатии ҳисоботию интихобии Федератсияи ҷудои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.  

Дар конференсия аъзои федератсия, меҳмонон – котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров ширкат намуданд.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, аз рӯи масъалаи якуми ҷаласа ноиби президенти Федератсияи ҷудо Парвиз Нориён баромад намуда, оид ба фаъолияти федератсия дар давраи солҳои 2017-2020 ҳисобот дод. Аз ҷумла қайд гардид, ки яке аз лоиҳаҳои муҳим, ки амалӣ шуд, “Ҷудо дар мактаб” мебошад. Дар доираи ин лоиҳа 10 мактаби ноҳияҳои дурдасти кишвар бо татамӣ ва либоси варзишӣ таъмин шуданд. Ин имкон дод, ки дар ҳар ноҳия ҳадди ақал 50 наврас ба ҷудо машғул гардад. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки дастоварди варзишгарони намуди ҷудо дар чорсолаи охир назаррас аст ва муҳимтарини онҳо медали тиллои Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019 мебошад.  
Аъзои федератсия якдилона Нурулло Лоиқовро дигарбора президенти Федератсияи  ҷудои Тоҷикистон интихоб карданд. Ҳамчунин, ноиби якум, ноибон, котиби генералӣ,  директори генералӣ, раиси комиссияи доварон ва раиси комиссияи тафтишотӣ интихоб шуданд.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.