Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Муҳокимаи нақшаи нави пешгирӣ аз COVID-19 дар Осиёи Марказӣ

09.10.2020

: 803

7 октябр ҷаласаи навбатии раёсати Созмони минтақавии зидди допинг дар Осиёи Марказӣ (RADOCA) дар формати онлайн баргузор шуд.

Ҳадафи асосии ҷаласа арзёбии нақшаи фаъолияти RADOCA, Кодекси ҷаҳонии зидди допинг-2021 ва муҳокимаи нақшаҳои минбаъда дар пасманзари пандемияи COVID-19 буданд.
Дар ҷаласа ҳамаи аъзои раёсат, аз ҷумла директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Эркин Латипов ширкат карданд. Хонум Иева Лукосиуте-Станикуниене аз дафтари Агентии ҷаҳонии зидди допинг (WADA) ва ҷанобон Кажуҳиро Ҳаяши ва Кенни Ли аз дафтарҳои минтақавии WADA дар Осиё низ иштирокчии ҷаласа буданд.
Ҷаласа таҳти раёсати директори RADOCA, доктор Венера Абдулло доир шуд.