Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Сипар” ва “Соро компания” дар финали лигаи касбии футзал бозӣ мекунанд

05.10.2020

: 731

Дастаи “Соро компания”-и Душанбе дар сеюм бозии даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 бар “Муҳоҷир” ғалаба (3:0) карда, ба финал баромад ва бо дастаи “Сипар”-и Хуҷанд вомехурад.
“Муҳоҷир” ва “Истаравшан” барои ҷои сеюм талош мекунанд.
Ёдрас мешавем, ки финал ва бозӣ барои ҷои сеюми лигаи касбии футзали мамлакат аз чилчилаи бозиҳо то се ғалаба иборат аст. Ду бозии аввали вохурии финалӣ дар Хуҷанд, дидори аввали бозӣ барои ҷои сеюм дар Душанбе сурат мегиранд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Нимфинал. Сеюм бозӣ
«Соро компания» – «Муҳоҷир» – 3:0
Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 12 (1:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 13 (2:0). Умед Кузиев, 17 (3:0).

4 октябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ҳисоби силсилабозиҳо – 2:1.