Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КМВА – барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон-2020

05.10.2020

: 873

29-ум Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид. Дар даври ҷамъбастӣ барандаи медалҳои биринҷӣ муайян шуд. Ҷои сеюмро дастаи КМВА, ки дар даври 18-ум бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, сазовор гардид.
Ҳамчунин, дар даври ҷамъбастӣ номи дуюм дастае, ки лигаи олиро тарк мекунад, маълум шуд. Дар пайи тими “Регар-ТадАЗ” дастаи “Локомотив-Помир” ба лигаи якум гузашт.
Капитани дастаи “Истаравшан” Илҳом Баротов бо 18 гол беҳтарин нишонзани Чемпионати Тоҷикистон-2020 шуд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. 18-ум давр

«Файзканд» – «Локомотив-Помир» – 1:0
Гол: Ҳоҷиакбар Узоқов, 90+4
4 октябр. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ.

«Душанбе-83» – «Истиқлол» – 1:2
Голҳо: Агблей Ҷонс, 38 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 74 (1:1). Манучеҳр Ҷалилов, 84 (1:2).
4 октябр. Ваҳдат. Варзишгоҳи марказӣ.

«Хуҷанд» – КМВА
Голҳо: Ҷаҳонгир Эргашев, 67 (1:0). Алишер Баротов, 74 – автогол (1:1). Шервонӣ Мабатшоев, 80 (1:2).
4 октябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон».

«Истаравшан» – «Хатлон» – 1:1
Голҳо: Илҳом Баротов, 60 – аз пеналтӣ (1:0). Тони Бикатал, 64 (1:1).
4 октябр. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ.

«Регар-ТадАЗ» – «Куктош» – 2:4
Голҳо: Акбари Шелдори Ораш, 17 (1:0). Мбеке Диеудонӣ, 26 (1:1). Азизбек Султонов, 58 (1:2). Ёқубҷон Ахмедов 69 – автогол (1:3). Мбеке Диеудонӣ, 89 (1:4). Фатҳулло Бобоев, 90+3 – аз пеналтӣ (2:4).
4 октябр. Турсунзоде. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

   ДАСТАҲО                                     Б      Ғ      М      Б      Т-Т     Х   
 1     "Истиқлол" (Душанбе)  18  14  3  1  61-11      45
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  18  11  2  5  30-23  35
 3  КМВА (Душанбе)  18  8  5  5  29-25  29
 4  "Куктош" (Рӯдакӣ)  18  7  7  4  30-24  28
 5  "Хатлон" (Бохтар)  18  6  8  4  27-24  26
 6  "Душанбе-83" (Душанбе)  18  5  5  8  20-29  20
 7  "Файзканд" (Восеъ)  18  4  7  7  17-31  19
 8  "Истаравшан" (Истаравшан)  18  4  5  9  29-38  17
 9  "Локомотив-Помир"  18  3  5  10  14-26  14
 10  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  18  3  3  12  21-47  12

Беҳтарин нишонзанҳо: Илҳом Баротов («Истаравшан») – 18 тӯб, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 16 тӯб, Алишер Ҷалилов («Истиқлол») – 12 тӯб, Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 10 тӯб, Рустам Соиров («Истиқлол»), Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 8 тӯбӣ, Шодибек Ғаффоров, Шервонӣ Мабатшоев (ҳар ду – КМВА), Парвиз Боқӣ-Охунов («Хатлон») – 7-тӯбӣ, Элчибек Рашидбеков («Душанбе-83») – 6 тӯб, Фатҳулло Фатҳуллоев («Хуҷанд»), Умарҷон Шарипов, Худойдод Узоқов (ҳар ду – «Хатлон»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), Муҳсинҷон Абдуғаффоров («Куктош»), Мбеке Диеудонӣ («Куктош»/«Истаравшан»), Агблей Ҷонс («Душанбе-83») – 5-тӯбӣ.