Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Семинари омӯзишӣ барои варзишгарон

Семинари омӯзишӣ барои варзишгарон Семинари омӯзишӣ барои варзишгарон Семинари омӯзишӣ барои варзишгарон Семинари омӯзишӣ барои варзишгарон

03.10.2020

: 864

1-3 октябр бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бо дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои варзишгарон семинари омӯзишӣ доир шуд.

Дар семинар аъзои Комиссияи варзишгарони назди Кумитаи миллии олимпӣ ва варзишгарони маъруфи кишвар ширкат намуданд. Ба варзишгарон коршиносони соҳа дар мавзуъҳои гуногуни вобаста ба ҳаёти варзишӣ, мисли истифодаи дурусти хӯрок, масъалаҳои допинг, фаъолияти Комиссияи варзишгарон, сохтори федератсияҳои варзишӣ ва ғайра маърӯза хонданд.
Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода зимни суханронӣ дар ифтитоҳи чорабинӣ, аз ҷумла қайд кард: “Солҳои охир Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба варзишгарон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ҳамин аст, ки фаъолияти Комиссияи варзишгарон дар назди КБО ҷоннок гардид ва дар назди ҳамаи кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои варзишӣ комиссияи варзишгарон таъсис ёфт. Дар назди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон низ бо қарори Кумитаи иҷроия соли 2019 ин комиссия ташкил ва бо роҳбарии ҷоизадории Бозиҳои олимпӣ, мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии Кумита Мавзуна Чориева ба фаъолият оғоз намуд”.
Таъкид шуд, ки намояндагони Комиссияи варзишгарон узви кумитаи иҷроия ва ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпӣ хоҳанд буд ва ҳамаи пешниҳоду дархости варзишгаронро, ки зимни ҷаласаҳои комиссия ироа мешаванд, ба баррасӣ манзур хоҳанд кард. Пешниҳод шуд, ки оянда ҳар се моҳ як маротиба ҷаласаи Комиссияи варзишгарон баргузор карда шавад.
Дар доираи семинар, чемпиони Бозиҳои олимпии Рио-2016 Дилшод Назаров ва ҷоизадори Бозиҳои олимпии Монтреал-1976 Зебунисо Рустамова бо варзишгарон мулоқот карда, аз таҷрибаи варзишиашон нақл намуданд.
Баргузории давраҳои серӯзаи омӯзишӣ дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ба нақша гирифта шудааст.