Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Сипар” – аввалин иштирокчии даври финали лигаи касбии футзал

02.10.2020

: 868

Дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд дар ду бозии даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон бар дастаи “Истаравшан” ғалаба карда, ба финали мусобиқа баромад.

Дар бозии аввал футболбозони Хуҷанд дар майдони худашон ба дарвозаи истаравшаниҳо 5 голи беҷавоб заданд. Дар бозии дуюм, ки дар Истаравшан баргузор шуд, “Сипар” бо ҳисоби 7:5 ғалаба кард.
Дар Душанбе футболбозони тими “Муҳоҷир” бар дастаи “Соро компания” бо ҳисоби 3:2 ғалаба карда, тавонистанд ҳисоби силсилабозиҳоро бо “Соро компания” баробар намоянд – 1:1. Бозии сеюм ва ҳалкунандаи дастаҳо 4-уми октябр баргузор мешавад.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020
Нимфинал. Бозиҳои дуюм

«Муҳоҷир» – «Соро компания» – 3:2
Голҳо: Самандар Ризомов, 11 (1:0). Насратшо Исмоилов, 16 (2:0). Вахтанг Кекелия, 31 (2:1). Умед Кузиев, 32 (2:2). Самандар Ризомов, 38 – аз пеналтӣ (3:2).
Беҳтарин бозингар: Нуриддин Ҷабборов («Муҳоҷир»).
1 октябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ҳисоби силсилабозиҳо – 1:1.

«Истаравшан» – «Сипар» – 5:7
Голҳо: Парвиз Раҳматов, 7 (0:1). Иқбол Воситзода, 7 (0:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 8 (1:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 8 (2:2). Беҳрӯз Сангинов, 10 (3:2). Шаҳбоз Бобоҷонов, 13 (4:2). Баҳодур Хоҷаев, 34 (4:3). Баҳодур Хоҷаев, 35 (4:4). Давид Асланян, 36 (4:5). Собирҷон Гуляков, 38 (4:6). Шаҳбоз Бобоҷонов, 39 (5:6). Баҳодур Хоҷаев, 40 (5:7).
Беҳтарин бозингар: Баҳодур Хоҷаев («Сипар»).
1 октябр. Истаравшан. Маҷмааи варзишии «Далерон».
Ҳисоби силсилабозиҳо – 0:2.