Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар лигаи ҳендбол пас аз 13 давр ҳисоби мусовӣ ба қайд гирифта нашудааст

01.10.2020

: 821

Бозиҳои даври дувоздаҳум ва се бозии даври сенздаҳуми лигаи ҳендболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Пас аз натиҷагирии 13 давр дар лигаи ҳендболи кишвар ҳисоби мусовӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дастаи “Душанбе” дар даври дувоздаҳум бар тими “Ҳисор” (36:13) ва дар даври 13-ум бар дастаи “Парвоз” (26:19) ғалаба карда, мавқеашро дар ҷои аввали ҷадвал мустаҳкам кард. “Скиф” низ дар ду даври охир бар дастаҳои “Сарез” бо ҳисоби 32:18 ва “Ҳисор” бо ҳисоби 35:13 пирӯз шуд. “Парвоз” дар даври 12-ум тими “Пагранчи”-ро бо ҳисоби 21:16 ва “Сокол” дастаи “Марко Поло”-ро бо ҳисоби 34:25 мағлуб намуданд.
Як бозии дигари даври 13-ум миёни дастаҳои “Марко Поло” - “Сарез” 1 октябр ва бозиҳои даври ҷамъбастии 14-ум миёни тимҳои “Душанбе” - “Скиф”, “Парвоз” - “Сокол”, “Ҳисор” - “Марко Поло” ва “Погранчи” - “Сарез” 5 октябр баргузор мешаванд.

   ДАСТАҲО                 Б        Ғ        М       Б       Т-Т                      Х        
 1      "Душанбе"  13  13  0  0  473-266 (+207)      26
 2  "Скиф"  13  12  0  1  400-304 (+96)  24
 3  "Парвоз"  13  9  0  4  379-340 (+39)  18
 4  "Ҳисор"  13  6  0  7  314-379 (-65)  12
 5  "Погранчи"  13  5  0  8  336-336 (0)  10
 6  "Сарез"  12  3  0  9  269-350 (-81)  6
 7  "Сокол"  13  2  0  11  298-408 (-110)  4
 8  "Марко Поло"   12  1  0  11  287-373 (-86)  2