Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Регар-ТадАЗ” лигаи олиро тарк мекунад

01.10.2020

: 80

Бозиҳои даври мавқуфмондаи 15-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расиданд.

Як давр қабл аз анҷоми чемпионат чемпиони ҳафткаратаи мамлакат, дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ҳамаи имкониятҳояшро барои мондан дар лигаи олӣ аз даст дод ва дар мавсими оянда дар лигаи якум бозӣ хоҳад кард. Дар таърихи мавҷудияташ “Регар-ТадАЗ” бори аввал аст, ки лигаи олиро тарк мекунад.
Номи як дастаи дигар, ки дар пайи “Регар-ТадАЗ” ба лигаи якум меравад, дар даври ҷамъбастӣ, пас аз вохурии тимҳои “Файзканд” - “Локомотив-Помир” муайян мешавад. Барои боқӣ мондар дар лигаи олӣ ба тими ноҳияи Восеъ ҳисоби мусовӣ кофӣ аст, вале “Локомотив-Помир” ҳатман бояд ғалаба кунад.
Барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Тоҷикистон-2020 низ дар даври ҷамъбастӣ маълум мегардад, ки 4 октябр баргузор мешавад. Якбора се даста – КМВА, “Куктош” ва “Хатлон” муддаии ҷои сеюми чемпионати имсола ҳастанд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. 15-ум давр

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд» – 1:2
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 64 (0:1). Парвизҷон Алиев, 77 (0:2). Доробҷон Эргашев, 78 (1:2).
30 сентябр. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена».

«Куктош» – «Истиқлол» – 1:1
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 16 – аз пеналтӣ (0:1). Далер Ёдгоров, 70 (1:1).
30 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник».

«Хатлон» – «Локомотив-Помир» – 0:0
30 сентябр. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор».

КМВА – «Душанбе-83» – 3:1
Голҳо: Мунир Давлатбеков, 1 (1:0). Фирӯз Бобиев, 40 – аз пеналтӣ (2:0). Элчибек Рашидбеков, 62 – аз пеналтӣ (2:1). Шервонӣ Мабатшоев, 85 (3:1).
30 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

   ДАСТАҲО                             Б       Ғ       М       Б       Т-Т        Х     
 1     "Истиқлол" (Душанбе)  17  13  3  1  59-10  42
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  17  11  2  4  29-21  35
 3  КМВА (Душанбе)  17  7  5  5  27-24  26
 4  "Куктош" (Рӯдакӣ)  17  6  7  4  26-22  25
 5  "Хатлон" (Бохтар)  17  6  7  4  26-23  25
 6  "Душанбе-83" (Душанбе)  17  5  5  7  19-27  20
 7  "Истаравшан" (Истаравшан)           17  4  4  9  28-37  16
 8  "Файзканд" (Восеъ)  17  3  7  7  16-31  16
 9  "Локомотив-Помир" (Душанбе)  17  3  5  9  14-25  14
 10  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  17  3  3  11  19-43  12

Дар даври 18-ум вомехуранд:
4 октябр (якшанбе)
Оғоз – соати 15:30

 «Файзканд» – «Локомотив-Помир»
«Душанбе-83» – «Истиқлол»
«Хуҷанд» – КМВА
«Истаравшан» – «Хатлон»
«Регар-ТадАЗ» – «Куктош»