Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

«Токио-2020» пластики лозимаро барои сохтани суфа ҷамъ кард

29.09.2020

: 822

“Токио-2020” зарфҳои пластикии лозимаро барои сохтани суфаҳои ҷоизасупорӣ ҷиҳати коркарди дубора ҷамъ овард.

Бо ин мақсад дар умум 24,5 тонна пластикаи истифодашуда ва 400 000 зарфи пластикии маводи шустушӯ ҷамъ карда шуд ва умед аст Бозиҳои Токио дар ҳадди ниҳоӣ экологӣ хоҳад буд.
Лоиҳаи суфаҳои ҷоизасупорӣ аз пластикаи коркардшуда моҳи июни соли 2019 эълон шуд ва дастандаркорон аз аҳолӣ хосатнд зарфҳои пластикиро барои коркарди дубора супоранд. Ҳамчунин, бо ин мақсад, бо марказҳои бузурги савдо ва 113 муассисаи таҳсилоти умумии Ҷопон ҳамкорӣ ба роҳ монда шуд.
Маводҳо дар муддати нуҳ моҳ ҷамъоварӣ шуд ва ташкилкунандагон моҳи марти соли 2020, ки ҳамон вақт бозиҳо як сол ба таъхир андохта шуд, ба мақсадашон ноил гардиданд.
Дар таърихи Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ бори аввал аст, ки ҷомеа дар ҷамъоварии маводи пластикии истифодашуда ҷиҳати сохтани суфаҳои ифтихорӣ иштирок кард. Дар доираи консепсияи “Якҷо беҳтар бош” “Токио-2020” ҳадафи ҳалли усутвориро ҳам дар Ҷопон ва ҳам дар хориҷ дорад.
“Токио-2020”, ҳамчунин барои сохтани медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ аз аҳолӣ дастгоҳҳои хурди электронӣ, мисли телефонҳои мобилии истифодашударо ҷамъоварӣ кард.
“Токио-2020”, инчунин эълон намуд, 100 фоиз қувваи барқ, ки дар иншоот истифода мешавад, аз манбаъҳои барқароршаванда хоҳад буд.