Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Сербия баргузор мешавад

26.09.2020

: 1609

Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Нови Сад (Сербия) доир мешавад. Дар ин бора қарори Федератсияи байналмилалии самбо ба тасвиб расид.

Ба иттилои сомонаи расмии федератсияи байналмилалии самбо, чорабинӣ ҳамроҳ бо Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон, ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, сурат мегирад ва давоми 4 рӯз – 5-8 ноябр идома меёбад.
Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо-2020 миёни калонсолон бояд дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор мешуд, вале бо сабаби пандемияи COVID-19 Федератсияи самбои Туркманистон маҷбур шуд, аз қабули мусобиқа дар имсол даст кашад.

“Федератсияи байналмилалии самбо ҳамеша ҷонибдори баргузории ҳадди аксари мусобиқоти самбо дар сатҳи байналмилалӣ буд, вале пандемия ба иҷро нашудани нақшаи чорабиниҳои мо таъсир гузошт. Ман ба Федератсияи самбои Сербия, ки розӣ шуд ду мусобиқаи бузургро мизбонӣ намояд, миннатдорӣ баён мекунам. Федератсияи самбои Сербия дар баргузории мусобиқоти байналмилалӣ таҷрибаи кофӣ дорад ва ман бовар дорам, ки ин ду чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор мешавад”, - иброз намудааст президенти Федератсияи байналмилалии самбо Василий Шестаков.
Ӯ, ҳамчунин таъкид кардааст, ки мусобиқот тибқи “Дастурамали Федератсияи самбо ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва профилактикаи баъд аз пандемияи COVID-19” доир мегардад, яъне бо дарназардошти маҳдудият ва гаштугузори варзишгарон дар шаҳр, ҳамчунин риояи чораҳои бехатарӣ ва фосилаи иҷтимоӣ дар толори варзишӣ.
Мухлисон имкон доранд қувваозмоиҳоро ба таври мустақим дар сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо тамошо кунанд. Қисмати финалии чемпионат дар шабакаи телевизионии «Eurosport» ва шабакаҳои телевизионии кишварҳои гуногун намоиш дода хоҳад шуд.