Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи касбии футзал: иштирокчиёни даври нимфинал муайян шуданд

26.09.2020

: 90

Иштирокчиёни даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 муайян шуданд. Дар нимфинал “Соро компания” бо “Муҳоҷир” ва “Сипар” бо “Истравшан” вомехуранд.

25 сентябр сеюм бозии плей-офф барои баромадан ба даври нимфинал миёни дастаҳои “Муҳоҷир”-и пойтахт ва “Самандар”-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Вохурӣ бо ғалабаи дастаи Душанбе ба анҷом расид – 3:0.
Ҳамин тариқ, “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуда, ба даври нимфинал роҳ ёфт ва бо дастаи “Соро компания” бозӣ мекунад. Бозии аввали дастаҳо 28 сентябр дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ доир мегардад.
Бозии дигари даври нимфинали лигаи касбии футзал миёни дастаҳои “Сипар” ва “Истаравшан” 29 сентябр дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд сурат мегирад.
Бозиҳои даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 дар формати силсилаи бозиҳо то ду ғалаба баргузор мешавад.