Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ифтитоҳи шаҳраки варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг

Ифтитоҳи шаҳраки варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг Ифтитоҳи шаҳраки варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг Ифтитоҳи шаҳраки варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг Ифтитоҳи шаҳраки варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг Ифтитоҳи шаҳраки варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг

26.09.2020

: 883

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг шаҳраки варзиширо мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Шаҳраки варзишӣ аз ду майдони хурди футбол, толори теннис, шоҳмоту шашка, ду майдони волейбол, ҳавзи шиноварӣ, майдони обутоби бадан ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Сарвари давлат бо шароиту имкониятҳои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ дар он баҳои баланд доданд ва ҷавононро барои истифодаи мақсаднок аз имкониятҳои фароҳамшуда ҳидоят намуданд.
Маҷмааи нави солимгардонӣ дар мавзеи хеле мувофиқ бо тарҳи хеле зебо, бо дарназардошти талаботу меъёрҳои муосир дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Исмоил Садиров дар майдони 2 гектар бунёд гардидааст.
Бунёду ба истифода додани маҷмааи варзишӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои ҷавонони ноҳияи Ховалинг ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ноҳияи Ховалинг 61 майдончаи варзишӣ мавҷуд аст.
Соли 2019 дар ноҳия 6 майдончаи варзишӣ ва дар соли ҷорӣ 20 майдончаи варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз бунёди 11 майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг ба нақша гирифта шудааст.