Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозии дуюми рафиқона миёни тимҳои наврасони Тоҷикистону Узбекистон доир шуд

25.09.2020

: 125

Бозии дуюми рафиқона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистону Узбекистон, ки 24 сентябр дар Хуҷанд доир шуд, бо ғалабаи меҳмонон анҷом ёфт – 1:2. Голи ягонаро дар ҳайати тими Тоҷикистон Хуршед Давлатзода зад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали рафиқона се рӯз пеш футболбозони навраси мо бар ҳамсолони узбекистониашон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буданд.

Бозии рафиқона
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Узбекистон (U-16) – 1:2
Голҳо: Шаҳзод Акрамов, 5 (0:1). Хуршед Давлатзода, 42 – аз пеналтӣ (1:1). Пулатҷон Ҷумахонов, 84 (1:2).

Тоҷикистон (U-16): Суҳробхуҷа Юсупов (Сафармад Ғаффоров, 46), Фахриддин Аҳтамов, Раҳматшо Раҳматзода (Рузимуҳаммад Абдураҳмонов, 87), Меҳрубони Абдурауф, Шаҳриёри Иноятулло (Ҳукмиддин Шомуродов, 46), Хуршед Давлатзода (Муҷовид Шовайсудинов, 64), Аббос Андалибов, Кабир Салимшоев (Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 87), Хусрав Тоиров, Меҳрубон Каримов (Бежан Нишонбойзода, 46), Сунатулло Азизов (Асадбек Ҷурабекзода, 64).

Узбекистон (U-16): Асрорбек Кенҷаев, Тоҳирбек Тухтасинов, Миркомил Абдуразоқов, Абдуқадир Хусанов, Асан Ваниев, Муҳаммадалӣ Усмонов (Нодирбек Абдураззоқов, 70), Алишер Хайруллоев (Муҳриддин Пазлидинов, 80), Риан Исмоилов, Шаҳзод Акрамов (Пулатҷон Ҷумахонов, 52), Асадбек Қаҳорҷонов (Асадбек Бегларханов, 80), Муҳаммадалӣ Уринбоев (Рустам Турдимуродов, 70).

Огоҳӣ: Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Меҳрубони Абдурауф, Бежан Нишонбойзода, Асадбек Ҷурабекзода (Тоҷикистон), Миркомил Абдуразоқов, Тоҳирбек Тухтасинов, Асадбек Қаҳорҷонов (Узбекистон).

Берун карда шуд: Асан Ваниев (Узбекистон), 90 – 2 корти зард

Сардовар: Хуршед Дадабоев (Тоҷикистон).

24 сентябр. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон».