Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Zagreb Grand Prix ба ҷои Tokyo Grand Slam

24.09.2020

: 141

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) эълон кард, ки дар нақша дорад, имсол Гран прии Загребро баргузор кунад.

Дар сомонаи расмии IJF гуфта шудааст, дар ҷаҳон ҳануз пандемияи COVID-19 идома дорад. Бо дарназардошти он ки Ҷопон мизбони Бозиҳои олимпӣ аст, IJF дар нақшагирии мусобиқот дар ин кишвар аз эҳтиёт кор мегирад. Бо ин сабаб қарор шуд, ки мусобиқаи Гран слами Токио, ки моҳи декабр ба нақша гирифта шуда буд, доир намегардад.
Аммо то охири сол IJF ҳамроҳ бо Федератсияи ҷудои Хорватия баргузории мусобиқаи Гран прии Загребро ба нақша гирифт. Мусобиқа охири моҳи октябр (30.10-01.11), пас аз мусобиқаи Гран слами Будапешт (23-25 октябр) доир хоҳад шуд.
IJF, ҳамчунин бо хушнудӣ хабар додааст, ки Қатар барои доир кардани мусобиқаи ҷаҳонии ситораҳои ҷудо аз 11 то 13 январи соли 2021 розигӣ додааст.