Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Веломарафон дар масири Хуҷанд-Душанбе баъд аз 85 сол

Веломарафон дар масири Хуҷанд-Душанбе баъд аз 85 сол Веломарафон дар масири Хуҷанд-Душанбе баъд аз 85 сол Веломарафон дар масири Хуҷанд-Душанбе баъд аз 85 сол Веломарафон дар масири Хуҷанд-Душанбе баъд аз 85 сол Веломарафон дар масири Хуҷанд-Душанбе баъд аз 85 сол

24.09.2020

: 103

21-23 сентябр бо ибтикори Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон дар масири Хуҷанд-Душанбе марафони велосипедронӣ баргузор шуд.

Чорабинӣ ба ифтихори 29-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 85-солагии аввалин марафони велосипедронӣ дар масири Хуҷанд-Душанбе ташкил гардид. Федератсияи велосипедронӣ тасмим гирифт иқдоми велосипедсаворони шӯравиро такрор кунад.
Марафон 3 рӯз идома ёфт. Рӯзи аввал велосипедсаворон дар масири Хуҷанд-Истаравшан 93 километрро тай карданд. Онҳо рӯзи дуюм 100 километр гаштанд ва ба ноҳияи Айнӣ расиданд. Рӯзи сеюм аз Айнӣ ба Душанбе ҳаракат карданд, ки дарозии роҳ 125 километрро ташкил дод – дар умум 318 километр.
23 сентябр велосипедсаворонро дар Наврӯзгоҳи пойиахт масъулони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва раиси Федератсияи велосипедронӣ Озодхон Давлатшоев пешвоз гирифтанд.
Ба варзишгарон медалу ифтихорнома ва аз ҷониби сарпарасти чорабинӣ - ширкати мухобиротии “Tcell” мукофоти пулӣ тақдим гардид. Таваҷҷуҳи хоса ба духтарон дода шуд, ки дар баробари мардон роҳи дарозу пурмашаққатро тай карданд.