Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳендбол: натиҷаи бозиҳои даври нуҳум ва пешгирӣ аз COVID-19

22.09.2020

: 791

Бозиҳои даври нуҳуми лигаи ҳендболи Тоҷикистон баргузор шуданд. Дар доираи ин давр Федератсияи ҳендболи кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз пандемияи COVID-19 ба дастаҳо кӯмак кард.

Ба иттилои раиси федератсияи Муҳаммадфарид Мирзоҳодиев, ба бозингарони ҳамаи дастаҳо маҳсулоти ҳимоявӣ, мисли маҳлули антисептикӣ, дастпӯш ва ниқоби тиббӣ, сачоқчаҳои нарм, собун тақдим гардид. Ҳамчунин, ба дастаҳо барои тамрин ва омодагӣ ба мусобиқот либоси бозӣ, тӯб ва тури дарвоза супорида шуд.
Дар даври нуҳум дастаи “Душанбе” бар “Марко Поло” бо ҳисоби 39:23 ғолиб омад. “Сарез” бар дастаи “Сокол” бо ҳисоби 34:33 пирӯз шуд. “Скиф” тими “Погранчи”-ро бо ҳисоби 24:21 шикаст дод. “Ҳисор” дар ин давр аз дастаи “Парвоз” (дар марҳилаи якум “Паразити” буд) бо ҳисоби 27:31 мағлуб шуд.

   ДАСТАҲО                  Б        Ғ        М       Б        Т-Т                     Х      
 1       "Душанбе"  9  9  0  0  337-197 (+140)      18
 2  "Скиф"  9  8  0  1  280-235 (+45)  16
 3  "Парвоз"  9  7  0  2  276-238 (+38)  14
 4  "Ҳисор"  9  4  0  5  238-267 (-29)  8
 5  "Пагранчи"  9  3  0  6  244-240 (+4)  6
 6  "Сарез"  9  3  0  6  209-248 (-39)  6
 7  "Марко Поло"  9  1  0  8  212-277 (-65)  2
 8  "Сокол"  9  1  0  8  218-312 (-94)  2