Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон (U-16) бар Узбекистон

22.09.2020

: 831

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар бозии аввали рафиқона бар тими наврасони Узбекистон ғалаба кард.

Бозии дастаҳо 21 сентябр дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо ҳисоби 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаро Хусрав Тоиров дар дақиқаи 38-ум зад.
24 сентябр дастаҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистону Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд боз як бозии рафиқона баргузор мекунанд.

Бозии рафиқона
ТОҶИКИСТОН (U-16) – Узбекистон (U-16) – 1:0
Гол: Хусрав Тоиров, 38