Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футзал: пирӯзии ғайриинтизори “Самандар” бар “Муҳоҷир”

21.09.2020

: 71

Дастаи футзали “Самандар”-и шаҳри Турсунзода, ки дар марҳилаи аввали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон ҷои охирро ишғол кард, ғайриинтизор дар бозии якуми плей-офф, ҷиҳати дарёфти роҳхат ба даври нимфинал, бар “Муҳоҷир” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Муаллифи ягона гол Фирдавс Тусматов гардид, ки дар дақиқаи 24-уми бозӣ дурахшид.
Бозии дуюм миёни дастаҳои “Муҳоҷир” – “Самандар” 22 сентябр баргузор мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дастаҳои “Сипар”-и Хуҷанд ва “Соро компания”-и Душанбе, ҳамчун ду дастаи беҳтарини қисмати аввали лигаи касбии футзали мамлакат мустақим ба даври нимфинал баромаданд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Плей-офф
«Муҳоҷир» – «Самандар» – 0:1
Гол: Фирдавс Тусматов, 24.
Беҳтарин бозингар: Манучеҳр Солеҳов («Самандар»).

Ҳисоби силсилабозиҳо – 0:1.

«Истаравшан» – «Равшан» – 5:0

Ҳисоби силсилабозиҳо – 1:0.