Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Истиқлол” – нуҳкарата чемпиони Тоҷикистон

21.09.2020

: 819

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе се давр пеш аз анҷоми мавсими соли 2020 расман чемпиони Тоҷикистон шуд. Ин нуҳум унвони чемпионӣ дар таърихи мавҷудияти “Истиқлол” аст. Қаблан клуби футболи шаҳри Душанбе солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018 ва 2019 медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Дар даври шонзадуҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ “Истиқлол” дар сафар бо “Хатлон” мусовӣ – 1:1 бозӣ кард. Ба голи задаи Рустам Соиров мизбонон тавассути зарбаи нишонраси Кароматулло Саидов посух доданд.
Дар бозии дигар “Куктош” бар дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард. Голҳои задаи Мбеке Диеудони ва Муҳаммадшариф Саидхоҷа ба дастаи ноҳияи Рӯдакӣ се хол овард.
Дар даври шонзадуҳум “Локомотив-Помир” дастаи КМВА-ро мағлуб намуд – 3:2. Голҳои тими ғолибро Азизбек Ҳасанов, Озодбек Панҷиев ва Манучеҳр Сафаров заданд.
Бозӣ миёни дастаҳои “Файзканд” – “Душанбе-83” мусовӣ анҷом ёфт – 1:1. Люка Менҷана Леонел дастаи Душанберо ба пеш баровард, ва Шарафҷон Солеҳов ҳисобро баробар кард.
Дар бозии дигари давр “Истаравшан” дар майдони худ ба дарвозаи “Регар-ТадАЗ” 4 голи беҷавоб зад. Дар ҳайати тими ғолиб Илҳом Баротов 3 гол зад. Абдураҳмон Қурбонов як голи дигарро ба номаш сабт кард.
Се давр қабл аз анҷоми чемпионат “Истиқлол” бо 12 хол фарқият аз “Хуҷанд”, ки ҷои дуюмро ишғол мекунад, қарор дорад. “Хатлон”-и Бохтар бо 24 хол дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтааст.
Бозиҳои даври ҳабдаҳум 26-27 сентябр баргузор мешавад. Дар ин давр «Регар-ТадАЗ» бо «Файзканд», «Куктош» бо «Истаравшан», «Хатлон» бо «Хуҷанд», КМВА бо «Истиқлол» ва «Душанбе-83» бо «Локомотив-Помир» вомехуранд.

   ДАСТАҲО                                      Б        Ғ        М        Б        Т-Т         Х    
 1      "Истиқлол" (Душанбе)  15  13  2  0  58-8  41
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  15  9  2  4  24-18  29
 3  "Хатлон" (Бохтар)  15  6  6  3  24-20  24
 4  "Куктош" (Рӯдакӣ)  15  6  5  4  23-19  23
 5  КМВА (Душанбе)  15  5  5  5  23-23  20
 6  "Душанбе-83" (Душанбе)  15  4  5  6  17-24  17
 7  "Файзканд" (Восеъ)  15  3  7  5  14-25  16
 8  "Локомотив-Помир" (Душанбе)       15  3  4  8  14-24  13
 9  "Истаравшан" (Истаравшан)  15  3  3  9  21-33  12
 10  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  15  2  3  10  17-41  9