Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Доварони намуди камонварӣ тариқи онлайн курси омӯзишӣ гузаштанд

Доварони намуди камонварӣ тариқи онлайн курси омӯзишӣ гузаштанд Доварони намуди камонварӣ тариқи онлайн курси омӯзишӣ гузаштанд Доварони намуди камонварӣ тариқи онлайн курси омӯзишӣ гузаштанд

17.09.2020

: 133

14-16 сентябр дар доираи Барномаи “Рушди сохтори варзиши камонварӣ”-и Ҳамбастагии олимпӣ дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои доварони ин намуди варзиш курси омӯзишӣ баргузор шуд.

Курсро коршиноси дараҷаи байналмилалӣ Ринга Балтруайт тариқи онлайн гузаронд. Дар муддати се рӯз намояндагони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода масъалаҳои муҳими қоидаҳои довариро омӯхтанд.
Ду рӯзи аввал ҳамаи зарфиятҳои ташкил ва баргузор кардани мусобиқаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, талаботҳои техникӣ ва меъёрҳо барои камонварӣ баррасӣ шуд. Рӯзи сеюм коршинос ба иштирокчиён шароити душворро манзур кард ва ширкаткунандагон дар асоси қоидаҳои федератсияи байналмилалӣ қарор қабул карданд.
Дар анҷом Ринга Балтруайте ба доварони мо баҳои хуб дода, сатҳи дониши онҳоро баланд арёбӣ кард.
Дар марҳилаи навбатӣ охири моҳи сентябр ва аввали моҳи октябр курси омӯзишӣ барои мураббиёни намуди камонварӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қаблан дар доираи барнома дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе ва Бохтар барои намоядагони намуди камонварӣ ҷиҳати рушди сохтори Федератсияи камонварии Тоҷикистон, таҳияи стратегияи рушди ин намуд семинарҳо баргузор шуда буд.