Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионҳои Тоҷикистон оид ба гуштини озод дар соли 2020

14.09.2020

: 1006

12-13 сентябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гуштини тарзи озод баргузор шуд.

Ба иттилои сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштини тарзи озод, сардовари мусобиқа Абдурозиқ Олимов, имсол дар қувваозмоиҳо 123 варзишгар дар ҳайати 8 даста – дудастаӣ аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дастаҳои ВМКБ-ю ШНТМ ширкат намуда, тибқи қоидаҳои Иттиҳоди ҷаҳонии гуштинҳо (UWW) аз рӯи 10 категорияи вазнӣ гуштин гирифтанд. Дар ҳамаи вазнҳо намояндагони шаҳри Душанбе ғолиб омада, бештари медалҳоро низ онҳо соҳиб шуданд – 29. Варзишгарони вилояти Суғд 1 медали нуқраву 4 биринҷӣ, Хатлон-2 як нуқраву 3 биринҷӣ, ВМКБ ва ШНТМ яктоӣ медали биринҷиро сазовор шуданд.

Ғолибон ва ҷоизодорони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гуштини тарзи озод дар соли 2020:

Вазни 57кг
1. Абдуллоев Илҳомбахш, Душанбе
2. Наимов Муҳаммад, Душанбе
3. Мубинҷонов Аваз, Душанбе
3. Қодиров Ҷамшедҷон, Суғд

Вазни 61кг
1. Холов Комрон, Душанбе
2. Гулов Саидҷон, Душанбе
3. Машрабов Оятулло, Душанбе
3. Иноятов Расулҷон, Хатлон-2

Вазни 65кг
1. Шарифов Ҷамшед, Душанбе
2. Усмонзода Фарҳод, Душанбе
3. Аминзода Хайём, Суғд
3. Бобоев Ҳумайнӣ, Хатлон-2

Вазни 70кг
1. Ашрафхонов Мадасан, Душанбе
2. Абдулҳаев Сорбон, Душанбе
3. Хоҷаев Ислом, Душанбе
3. Мамадҷони Муҳсинҷон, Суғд

Вазни 74кг
1. Шарифов Ғуломҷон, Душанбе
2. Мусоев Абубакр, Хатлон-2
3. Одинамади Ҳасан, Душанбе
3. Одинамамадов Ҳасан, Душанбе

Вазни 79кг
1. Икромов Сомонҷон, Душанбе
2. Мавлонназаров Ансор, Душанбе
3. Сардоров Қосимҷон, Душанбе
3. Муминов Умаршоҳ, Душанбе

Вазни 86кг
1. Расулов Зоирҷон, Душанбе
2. Ҳалимзода Салимҷон, Душанбе
3. Карамхудоев Тутиё, ВМКБ
3. Мамадризоев Муяссар, Душанбе

Вазни 92кг
1. Қодиров Баҳодур, Душанбе
2. Файззода Файзӣ, Душанбе
3. Мустафиров Руслан, ШНТМ
3. Ализода Муҳаммадҷон, Суғд

Вазни 97кг
1. Маҳмадбеков Раҳмон, Душанбе
2. Маҳмадализода Комрон, Душанбе
3. Наимов Яқуб, Душанбе
3. Раҷабов Шукрулло, Душанбе

Вазни 125кг
1. Анақулов Фарҳод, Душанбе
2. Собитов Фарҳод, Суғд
3. Олимов Рамазон, Душанбе
3. Мирзохоҷаев Илҳомхуҷа, Хатлон-2