Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Соро компания” - ғолиби Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал

“Соро компания” - ғолиби Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал “Соро компания” - ғолиби Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал

14.09.2020

: 97

Дастаи футзали “Соро компания”-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд.

Дар бозии финалӣ, ки 12 сентябр дар “Қасри варзиш”-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, футболбозони пойтахт дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 8:4 мағлуб намуданд.
Дар ҳайати “Соро компания” Некрӯз Алимаҳмадов 3 гол, Вахтанг Кекелия ду гол, Муҳаммад Шарипов, Сиёвуш Қаюмов, Насим Шарипов якголӣ заданд. Дар ҳайати “Равшан” Иброҳим Мирзоев се тӯб, Умеди Ҳусайн як тӯбро вориди дарвозаи “Соро компания” карданд.
Капитани “Соро компания” Некрӯз Алимаҳмадов беҳтарин бозингари вохурии финалии Ҷоми Тоҷикистон эътироф шуд.