Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Душанбе – ғолиби Чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот

10.09.2020

: 952

7-9 сентябр дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ Чемпионати ҷумҳурӣ оид ба шоҳмот баргузор шуд.

Ба иттилои котиби генералии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон Илҳом Юнусов, дар мусобиқа 84 варзишгар дар ҳайати шаш даста аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат намуданд.
Чемпионат имсол аз рӯи 7 синну сол – то 8-сола, 8-10-сола, 10-12-сола, 12-14-сола, 14-16-сола, 16-18-сола ва 19-35-солаҳо доир гардид. Дастаи Душанбе бо ба даст овардани бештари медалҳо ҷои аввалро ишғол кард. Мақомҳои дуюму сеюм насиби дастаи Суғд ва ВМКБ шуд.
Дар мусобиқоти инфиродӣ дар синну соли 19-35 миёни мардон Алишер Каримов (Душанбе) пас аз пирӯзӣ бар Муҳаммадхуҷа Ҳусейнхуҷаев (Суғд) ғолиб омад. Ҷои сеюмро Қубод Мақсудшоев аз дастаи ВМКБ соҳиб шуд.
Миёни бонувон бошад, Меҳрангез Олимова аз дастаи Хатлон-2 ғалаба кард. Ӯ дар бозии ниҳоӣ Фотима Пироваро аз дастаи Хатлон-1 мағлуб намуд. Ҷои сеюмро Амина Неъматзода аз дастаи ШНТМ ишғол кард.