Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои олимпии Токио баргузор мешавад

09.09.2020

: 70

Роҳбари Комиссияи ҳамоҳангсози Токио-2020 Ҷон Коутс изҳор намуд, ки Бозиҳои олимпӣ соли оянда баргузор мешавад, бо COVID-19 ё бе он.

Ноиби президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) зимни мусоҳиба бо “Agence France-Presse” дар ин бора суҳбат кардааст. Суханҳои Коутс дар пасманзари тақдири номуайяни бозиҳо дар соли оянда, ки моҳи марти имсол бо сабаби пандемияи COVID-19 ба таъхир афтод, гуфта шудааст.  
“Бозиҳо бо COVID ё бе он баргузор мешаванд, - гуфтааст Коутс. – Ин бозиҳое хоҳад буд, ки бар COVID ғолиб меояд, равшанӣ дар охири нақб”.
Феълан Ҷопон марзҳояшро бо 146 кишвари дунё бастааст. Интизор меравад, ҳудуди 11000 варзишгари беш аз 200 давлат дар Бозиҳои олимпии Токио ширкат намоянд. Соли оянда маҳдудиятҳо барои иштирок дар бозиҳо бардошта хоҳанд шуд.
Коутс иқрор кард, ки назди ташкилкунандагони ҷопонӣ вазифаи бузург истодааст, аммо бо боварӣ гуфтааст, ки Токио метавонад варзишгаронро аз тамоми ҷаҳон қабул кунад. “Вазифаи имрӯзаи онҳо андешидани тамоми чораҳои мумкин барои баргузории бозиҳо мебошад”.