Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: ду мусовӣ дар оғози даври чордаҳум

08.09.2020

: 832

Пас аз танаффуси дуҳафтаина, бо иллати бозии рафиқонаи тими миллии кишвар бо дастаи мунтахаби Узбекистон, 7 сентябр чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ аз сар гирифта шуд.

Дастаи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ бо тими КМВА мусовӣ – 1:1 бозӣ кард. Ба голи задаи Анвар Муродов артишиҳо бо зарбаи нишонраси легионери украинӣ Артем Гайдаш ҷавоб доданд.
Тими “Хатлон” низ дар сафар имтиёзҳоро бо дастаи “Душанбе-83” қисмат намуданд – 1:1. Бохтариҳо тавассути голи задаи Кароматулло Саидов ба пеш баромаданд, вале душанбегиҳоро заҳмати легионери ганагӣ Абглей Ҷонс аз бохт наҷот дод.
Имрӯз, 8 сентябр, ду бозии дигари даври чордаҳум баргузор мешавад. “Хуҷанд” дар майдони худ “Истаравшан”-ро қабул мекунад, “Истиқлол” дар Душанбе бо “Регар-ТадАЗ” вомехуранд. Бозии ниҳоии давр 11 сентябр миёни дастаҳои “Локомотив-Помир” – “Куктош” доир хоҳад шуд.

   ДАСТАҲО                                 Б            Ғ          М         Б         Т-Т                Х            
 1        "Истиқлол" (Душанбе)  13  12  1  0  51-6  37
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  13  8  2  3  21-15  26
 3  "Хатлон" (Бохтар)  14  6  5  3  23-19  23
 4  "Куктош" (Рӯдакӣ)  13  5  5  3  20-16  20
 5  КМВА (Душанбе)  14  5  5  4  21-20  20
 6  "Душанбе-83" (Душанбе)  14  4  4  6  16-23  16
 7  "Файзканд" (Восеъ)  14  3  6  5  13-24  15
 8  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)               13  2  3  8  16-31  9
 9  "Истаравшан" (Истаравшан)  13  2  3  8  16-31  9
 10  "Локомотив-Помир" (Душанбе)  13  1  4  8  9-21  7