Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи касбии футзал: иштирокчиёни чорякфинал маълум шуданд

07.09.2020

: 758

6 сентябр ду бозии даври ҷамъбастии қисмати дуюми лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе дар бозии хонагӣ бар тими “Самандар”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби калони 11:1 ғалаба кард. Дар ҳайати душанбегиҳо Самандар Ризомов 5 гол зад.
Дар бозии дигари давр чемпиони феълии кишвар – дастаи “Соро компания”-и Душанбе бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Ду голи Насим Шарипов ва голҳои Идрис Ёдгоров ва Муҳаммад Раҷабов ба “Соро компания се имтиёз овард.
Бозии ниҳоии даври ҷамъбастии қисмати дуюм 8 сентябр доир мегардад. Ғолиби марҳилаи аввали лига – дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд дар майдони худ тими “Равшан”-и Кӯлобро қабул мекунад.
Ҳамин тариқ, “Сипар” ва “Соро компания” ба даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон роҳхат гирифтанд ва ҳарифонашонро интизор мешаванд. Дар даври чорякфинал “Муҳоҷир” бо “Самандар” ва “Истаравшан” бо “Равшан” вомехуранд. Бозиҳои чорякфинал аз силсилаи дидорҳо то 2 ғалаба иборат аст ва пас аз анҷоми Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор мешавад.

   ДАСТАҲО                                      Б           Ғ         М        Б          Т-Т                 Х      
 1     "Сипар" (Хуҷанд)  9  8  1  0  68-22  25
 2  "Соро компания" (Душанбе)  10  8  1  1  82-17  25
 3  "Муҳоҷир" (Душанбе)  10  5  0  5  57-51  15
 4  "Истаравшан" (Истаравшан)  10  4  0  6  66-72  12
 5  "Равшан" (Кӯлоб)  9  2  0  7  42-79  6
 6  "Самандар" (Турсунзода)  10  1  0  9  37-111  3