Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Сипар” ва “Соро компания” роҳашонро ба нимфинали Лигаи касбии футзал ҳамвор карданд

01.09.2020

: 908

“Дастаҳои “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд ва “Соро компания”-и шаҳри Душанбе дар даври навбатии лигаи касбии футзали Тоҷикистон ғалаба карда, роҳашонро барои баромадан ба даври нимфинал ҳамвор сохтанд.

Дар даври ҳаштум “Сипар” дар сафар дастаи “Истаравшан”-ро бо ҳисоби 12:2 мағлуб намуд. Дар ҳайати дастаи Хуҷанд Иқбол Воситзода хет-трик анҷом дода, Давид Асланян ду гол зад.
“Соро компания” бошад, бар тими “Муҳоҷир ғолиб омад – 9:2. Дар ҳайати тими ғолиб Умед Кузиев ва Вахтанг Кекелия дутӯбӣ ба ҳадаф расонданд.
Ҳамин тариқ, дастаҳои “Сипар” ва “Соро компания”, новобаста ба он ки то анҷоми марҳилаи дуюм ду даври дигар боқӣ мондааст, баромаданашонро ба даври нимфинали лигаи касбии футзали мамлакат таъмин намуданд. Тибқи низомномаи мусобиқа, пас аз анҷоми ду марҳила, дастаҳое, ки ҷойҳои 3-6-ро ишғол мекунанд, дар даври иловагии плей-офф бозӣ мекунанд, то ду иштирокчии дигари даври нимфинал маълум шавад. Силсилаи бозиҳо то ду пирӯзӣ давом мекунад. Баъдан даври нимфинал дар формати то ду бурд доир мегардад. Ғолибони даври нимфинал ба финал роҳ меёбанд, мағлубон барои ҷои сеюм талош мекунанд. Финал ва бозӣ барои ҷои сеюм аз силсилаи бозиҳо то се бурд иборат хоҳад буд.
Бозиҳои даври навбатӣ 3-юми сентябр баргузор мешаванд. Дар даври нуҳум «Соро компания» бо «Самандар», «Сипар» бо «Муҳоҷир» ва «Равшан» бо «Истаравшан» вомехуранд.

   ДАСТАҲО                                 Б           Ғ          М           Б             Т-Т               Х           
 1       "Сипар" (Хуҷанд)  8  7  1  0  61-19  22
 2  "Соро компания" (Душанбе)         8  6  1  1  63-14  19
 3  "Муҳоҷир" (Душанбе)  8  4  0  4  43-43  12
 4  "Истаравшан" (Истаравшан)  8  3  0  5  53-61  9
 5  "Равшан" (Кӯлоб)  7  1  0  6  30-68  3
 6  "Самандар" (Турсунзода)  7  1  0  6  35-80  3