Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Барнома ва санаи баргузории 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ иваз шуд

18.08.2020

: 898

5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 10-19 сентябри соли 2021 дар шаҳри Қунияи Туркия баргузор мешавад, на 20-29 августи соли 2021, ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд.

Дар ин бора Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ қарор қабул кардааст. Гуфта шудааст, баъд аз он ки Бозиҳои олимпии Токио як сол ба таъхир андохта шуд, Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ ва Кумитаи тадорукоти бозиҳо тасмим гирифтанд, ки санаи баргузории бозиҳоро як моҳ дертар муайян кунанд.
Ба барномаи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ низ тағйирот ворид карда шуд. Қаблан ба барномаи бозиҳо 27 намуди варзиш ворид буд, вале акнун он аз 20 намуди варзиш иборат аст. Аз барнома намудҳои варзиши чавгонбозӣ, тирандозӣ, теннис, гуштини анъанавии туркӣ, пара-варзиши сабук, пара-камонварӣ, пара-тенниси рӯи миз, пара-шиноварӣ хориҷ, намуди бадминтон ворид карда шуд. Яъне агар тибқи барномаи қаблӣ варзишгарони имконияти ҷисмониашон маҳдуд аз рӯи 4 намуд имкони иштирок дар бозиҳоро доштанд, мувофиқи барномаи нав онҳо аз иштирок дар бозиҳо маҳрум гардиданд.

Барномаи 5-ум Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ – Қуния-2021:
1. Варзиши сабук,
2. Камонварӣ
3. Бадминтон
4. Баскетбол 3х3
5. Бочче
6. Велосипедронӣ (дар шоҳроҳ; пайгирӣ (трек)
7. Шамшербозӣ
8. Футбол
9. Гимнастика (варзишӣ; аэробика)
10. Ҳендбол
11. Ҷудо
12. Каратэ
13. Кикбоксинг
14. Шиноварӣ
15. Тенниси рӯи миз
16. Таеквондо
17. Волейбол
18. Вазнбардорӣ
19. Гуштин (тарзи озод; юнонӣ-римӣ)
20. Камонварии анъанавӣ

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 ҳар чор сол як маротиба баргузор мешавад. Аввалин бозиҳо дар шаҳри Макка (Арабистони Саудӣ), дуюм бозиҳо дар Теҳрон (баргузор нашуд), сеюм бозиҳо дар Балли (Индонезия), чорум бозиҳо дар Боку (Озарбойҷон) доир гаштааст. Дар бозиҳо давлатҳое, ки аҳолиашон мусулмона аст, ширкат мекунанд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ду давраи бозиҳо ширкат карда, 6 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ ба даст овардаанд. Медали тиллоро дар Макка Дилшод Назаров дар варзиши сабук сазовор шуд. Дар аввалин бозиҳо Насхиддин Ворисов дар намуди таеквондо медали нуқра ба даст овард. 4 медали биринҷиро варзишгарони мо соли 2017 дар Боку аз рӯи намуди варзишҳои зӯрхонаӣ соҳиб шуданд - Наврӯз Арабов 2 медал, Назаралии Абдуалӣ, Исмоил Сангов якмедалӣ.