Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: мусовии “Хуҷанд” бо “Локомотив-Помир”

13.08.2020

: 940

12 август се бозии даври 11-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Чемпиони феълии Тоҷикистон - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ғалабаи навбатиро ба даст овард. Тими пойтахт ин бор ба дарвозаи дастаи “Файзканд” се голи беҷавоб зад. Дидори дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гашт. Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Муҳаммадҷон Раҳимов як гол заданд.
Дар бозии дигар тими КМВА дар сафар бар дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 5:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати тими ғолиб нодирбек Иброҳимов ду тӯб, Билол Сулаймонов, Шамсиддин Қосимов ва Шодибек Ғаффоров яктӯбӣ ба ҳадаф расонданд. Голи “Регар-ТадАЗ”-ро Нозим Бобоҷонов ба номаш сабт кард.
Бозӣ миёни дастаҳои “Хуҷанд” – “Локомотив-Помир” мусовӣ – бидуни гол анҷом ёфт.
Имрӯз, 13 август, ду бозии дигари даври ёздаҳуми чемпионат баргузор мешавад. “Истаравшан” бо “Душанбе-83” ва “Куктош” бо “Хатлон” вомехуранд.