Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

КМОТ барномаи рушди камонвариро татбиқ мекунад

КМОТ барномаи рушди камонвариро татбиқ мекунад КМОТ барномаи рушди камонвариро татбиқ мекунад КМОТ барномаи рушди камонвариро татбиқ мекунад

11.08.2020

: 901

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи камонварии кишвар татбиқи Барномаи рушди сохтори камонвариро шуруъ кард.

Барнома бо дастгирии Ҳамбастагии олимпӣ ва Ташкилоти камонварии ҷаҳонӣ дар се марҳила амалӣ мегардад. Дар навбати аввал омӯзиш ва таҳлили фаъолияти федератсия ва намояндагиҳои он дар минтақаҳо, таҳияи сохтори муосири федератсия ва муайян кардани масъулияти кормандон, сиёсати дохилӣ, маблағгузорӣ ва менеҷмент дар доираи талаботи миллӣ ва байналмилалӣ сурат мегирад. Ҳамчунин, стратегияи рушд дар Тоҷикистон ва барномаи рушди камонварӣ барои се соли оянда таҳия хоҳад шуд.  
Дар марҳилаи дуюм курсҳои омӯзишӣ барои доварон дар доираи низомномаи амалкунанда оид ба қувваозмоиҳо, қоида ва талаботи Камонварии ҷаҳонӣ, коркарди стандартҳои миллӣ дар алоқамандӣ бо талаботи Федератсияи байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. Курсҳо бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ тариқи онлайн доир мегардад.
Дар марҳилаи ҷамъбастӣ курсҳои омӯзишии 10-рӯза барои мураббиён бо иштироки коршиноси дараҷаи байналмилалӣ гузаронида хоҳад шуд, ки варзишгарони мо имкон доранд, ки таҷриба андухта, донишҳои худро такмил диҳанд.
Дар доираи барнома барои тақвияти базаи моддӣ-техникӣ ва ба роҳ мондани оммавияти намуди камонварӣ барои федератсия лавозимоти варзишӣ харидорӣ карда мешавад.
Бо ин мақсад аз 5 то 9 август дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби намояндагони Федератсияи камонварӣ дар вилояти Суғд семинар баргузор шуд, ки масъалаҳои муҳими намуди камонварӣ баррасӣ гардида, коркарди стратегияи рушд то соли 2022 оғоз шуд. Чунин семинар дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе низ ба нақша гирифта шудааст, ки дар натиҷа федератсияҳои минтақавӣ таъсис хоҳанд ёфт.