Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футбол: марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2020 шуруъ шуд

10.08.2020

: 930

Рӯзҳои истироҳати гузашта бо баргузор шудани бозиҳои даври 10-ум марҳилаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ шуруъ шуд.

8 август се бозӣ доир гардид. “Хуҷанд” дар сафар бар тими “Душанбе-83” ғалаба кард – 2:1. Зарбаҳои нишонраси Фатҳулло Фатҳуллоев ва Тоҳир Малодӯстов ба тими Хуҷанд се хол овард. Пешсафи чемпионат – “Истиқлол”-и Душанбе низ дар сафар бар дастаи “Локомотив-Помир” пирӯз шуд – 3:0. Алишер Ҷалилов ду гол, Эҳсони Панҷшанбе як гол заданд. Бозӣ миёни дастаҳои “Файзканд” ва “Куктош” бидуни гол анҷом ёфт.
Ду бозии дигари даври 10-ум 9 август баргузор шуд. Дастаи “Хатлон”-и Бохтар дар майдони худ “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 4:2 мағлуб намуд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Умарҷон Шарифов 2 гол, Парвиз Боқӣ-Охунов ва Жана Гате якголӣ ба номашон сабт карданд. Ҳар ду голи “Регар-ТадАЗ”-ро Нозим Бобоҷонов зад.
Дар бозии охирони давр тимҳои КМВА ва “Истаравшан” баробар бозӣ карданд – 1:1. Ба голи задаи бозингари дастаи артиш Шодибек Ғаффоров истаравшаниҳо тавассути зарбаи нишонраси Саиддостон Фозилов ҷавоб доданд.
Дар ҷадвали мусобиқа дастаи “Истиқлол” бо 28 хол ҷои аввалро ишғол кардааст. “Хуҷанд”, ки 22 хол дорад, дар ҷои дуюм, “Хатлон” бо 21 хол дар ҷои сеюм мавқеъ гирифтаанд.
Бозиҳои даври 11-ум 12-13 август доир мегарданд.

     Б     Ғ     М     Б     Т-Т     Х   
 1     "Истиқлол" (Душанбе)     10  9  1  0  42-5  28
 2  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  10  7  1  2  19-11    22
 3  "Хатлон" (Бохтар)  10  6  3  1  20-14  21
 4  КМВА (Душанбе)  10  4  3  3  14-13  15
 5  "Куктош" (Рӯдакӣ)  10  3  4  3  11-12  13
 6  "Душанбе-83" (Душанбе)     10  3  2  5  10-18  11
 7  "Файзканд" (Восеъ)  10  2  5  3  10-17  11
 8  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)     10  2  2  6  15-23  8
 9  "Истаравшан" (Истаравшан)  10  1  2  7  11-27  5
 10  "Локомотив-Помир" (Душанбе)     10     1       1       8        7-19         4