Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футзал: 12 голи беҷавоби “Соро компания” ба дарвозаи “Равшан”

06.08.2020

: 140

5 август бозиҳои даври чоруми марҳилаи аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи “Соро компания”-и пойтахт дар бозии хонагӣ ба дарвозаи тими “Равшан”-и Кӯлоб 12 голи беҷавоб зад. Умед Кузиев покер, Муҳаммад Раҷабов хет-трик анҷом доданд.
Пешсафи дигари лига – дастаи “Сипар”-и Хуҷанд бошад, бар тими “Самандар”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 13:5 ғалаба кард. Дар ҳайати тими Хуҷанд Собирҷон Гуляков ба номаш пента-трик сабт кард.
Дастаи дигари шаҳри Душанбе – “Муҳоҷир” бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд. “Муҳоҷир” се холро тавассути ду голи Самандар Ризомов ва якголии Бахтиёр Солеҳов, Парвиз Худододов ва Нусратшо Исмоилов ба даст овард.
Пас аз натиҷагирии чор даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа мисли пешин дуҳокимиятӣ ҷараён дорад. “Соро компания”-и пойтахт ва “Сипар”-и Хуҷанд бо 12-холӣ баробар пеш мераванд. Дар навбатӣ ин ду тим бо ҳам вомехуранд. Бозӣ 8-уми август дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар ин рӯз, ҳамчунин “Истаравшан” бо “Самандар” ва “Равшан” бо “Муҳоҷир” бозӣ мекунанд.

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1    "Соро компания" (Душанбе)    4  4  0  0  39-5    12  
 2  "Сипар" (Хуҷанд)  4  4  0  0  33-14   12
 3  "Муҳоҷир" (Душанбе)  4  2  0  2  16-19  6
 4  "Истаравшан" (Истаравшан)  4  1  0  3  19-25  3
 5  "Равшан" (Кӯлоб)  4  1  0  3  19-37  3
 6  "Самандар" (Турсунзода)  4  0  0  4  17-43  0