Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футзал: “Соро компания” ва “Сипар” бе бохт пеш мераванд

03.08.2020

: 164

Муддаиёни асосии медалҳои тиллои лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 – “Соро компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и Хуҷанд дар оғози мавсим сеғалабаӣ ба даст оварданд ва дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Дар даври сеюм чемпиони феълии кишвар “Соро компания” бар дастаи “Муҳоҷир” бо ҳисоби 8:1 ғалаба кард. Дар ҳайати тими Душанбе Некрӯз Алимаҳмадов се гол зад.
“Сипар”-и Хуҷанд дар бозии бошиддат бар тими “Истаравшан” дастболо шуд – 7:4. Дар ҳайати тими ғолиб Иқбол Воситзода ба номаш панҷ гол сабт кард.
Дар бозии дигар дастаи “Равшан”-и Кӯлоб тими “Самандар”-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 10:5 мағлуб намуд. Ин аввалин ғалабаи “Равшан” дар мавсими имсола аст. Ҳотамшоҳ Раҳмонов дар ҳайати тими Кӯлоб се тӯб ба ҳадаф расонд.
Баъд аз натиҷагирии се даври лигаи касбии футзали Тоҷикистон “Соро компания” ва “Сипар” бо нуҳхолӣ пешсафанд.
Бозиҳои даври навбатӣ 5 август баргузор мешаванд. «Самандар» бо «Сипар», «Муҳоҷир» бо «Истаравшан» ва «Соро компания» бо «Равшан» вомехуранд.

     Б    Ғ    М    Б    Т-Т    Х  
 1    "Соро компания" (Душанбе)    3  3  0  0  27-5    9
 2  "Сипар" (Хуҷанд)  3  3  0  0  20-9  9
 3  "Истаравшан" (Истаравшан)  3  1  0  2  16-19   3
 4  "Равшан" (Кӯлоб)  3  1  0  2  19-25  3
 5  "Муҳоҷир" (Душанбе)  3  1  0  2  10-16  3
 6  "Самандар" (Турсунзода)  3  0  0  3  13-30  0