Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи бонувон: як даври дигар то анҷоми марҳилаи якум

30.07.2020

: 794

Дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон бозиҳои даври навбатӣ баргузор шуданд.

Дар даври ҳаштум дастаҳои пешсаф – “Хатлон”, “Зебонисо” ва “Зебо” ғалабаҳои навбатиашонро ба даст оварданд.
“Хатлон” бар дастаи “Ҳосилот” бо ҳисоби 12:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати тими ғолиб Лайло Ҳалимова 4 гол, Умеда Толибова, Сайрам Холназарова сеголӣ, Беназир Ҷумъахонзода ва Муҳайминаи Гулаҳмад якголӣ заданд. Як голи “Ҳосилот”-ро Рамзия Файзуллозода ба номаш сабт кард.
“Зебонисо” бошад, ба дарвозаи “Чашма” 17 голи беҷавоб зад. 10 тӯбро Мадина Фозилова ба ҳадаф расонд. Шукронаи Ҷумъахон се гол, Сайёра Саидова ду гол ва Марҷона Саидова як гол заданд. Як тӯби дигарро бозингари “Чашма” Фаришта Тошева вориди дарвозаи дастааш кард.
Дар бозии дигар “Бешкент” аз “Зебо” шикаст хурд (1:4). Дар ҳайати “Зебо” Меҳрангез Шарифова 3 гол, Мавҷуда Сафарова як гол заданд. Голи “Бешкент” ба Рафина Нормуродова мутааллиқ гашт.
Бозӣ миёни дастаҳои “Панҷшер» ва «Барқ» мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дилдора Имомалиева дар дақиқаи 30 ба фоидаи “Панҷшер” гол зад, вале пас аз 19 дақиқа Саёҳат Раҷабова ҳисобро баромабр намуд.
Ниҳоят “Регар-ТадАЗ” бар “Равшан” дастболо шуд - 3:0.
Бозиҳои даври охири марҳилаи якум 2-юми август баргузор мешаванд. Дар ин давр «Равшан» бо «Хатлон», «Барқ» бо «Регар-ТадАЗ», «Зебо» бо «Панҷшер», «Чашма» бо «Бешкент» ва «Ҳосилот» бо «Зебонисо» вомехуранд.

     Б     Ғ     М     Б     Т-Т     Х   
 1    "Хатлон" (Бохтар)     8  7  1  0  57-5  22
 2  "Зебонисо" (Душанбе)     8  7  0  1  73-2  21
 3  "Зебо" (Дӯстӣ)  8  6  1  1  39-8  19
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)    8  4  1  3  33-8  13
 5  "Бешкент" (Носири Хусрав)  8  4  1  3  29-10    13
 6  "Барқ" (Норак)  8  3  1  4  6-39  10
 7  "Ҳосилот" (Фархор)  8  2  1  5  5-31  7
 8  "Чашма" (Шаҳритус)  8  2  0  6  8-55  6
 9  "Равшан" (Кӯлоб)  8  1  0  7  1-38  3
 10    "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)     8  0  2  6  5-60  2