Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Рӯйхати гирандагони дастгирии молиявии олимпӣ бозбинӣ шуд

29.07.2020

: 976

29 июл ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд.

Масъалаи асосии рӯзномаи ҷаласа бозбинии рӯйхати гирандагони дастгирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои варзишгарон – Токио-2020 буд. Директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ Эркин Латипов зимни гузориш маълумот дод, ки бо сабаби ба соли 2021 таҳвил додани Бозиҳои олимпии Токио-2020 Кумитаи байналмилалии олимпӣ муҳлати Барномаи дастгирии молиявии варзишгаронро низ як сол тамдид кард. КБО ба кумитаҳои миллии олимпӣ имконият дод, ки бо дарназардошти талаботи нав – варзишгароне, ки роҳхати Бозиҳои олимпиро ба даст овардаанд ё имкони гирифтани роҳхати олимпиро доранд – рӯйхати варзишгаронро бозбинӣ намоянд.
Қайд гардид, ки федератсияҳои миллии варзишӣ бо ин мақсад номзадии 27 варзишгарро пешниҳод карданд. Дар асоси пешниҳоди федератсияҳои миллии варзишӣ, талаботи КБО ва натиҷаҳои солҳои охири варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ аъзои Кумитаи иҷроияи КМОТ рӯйхати гирандагони дастагирии молиявии Ҳамбастагии олимпӣ барои варзишгарон – Токио-2020-ро дар давраи аз сентябри соли 2020 то августи соли 2021 ба тариқи зайл муайян ва тасдиқ карданд:

1. Усмонов Баҳодур, бокс (600 доллари ИМА)
2. Негматуллоев Шаббос, бокс (600 доллари ИМА)
3. Маҳмадбеков Сомон, ҷудо (550 доллари ИМА)
4. Хоҷазода Беҳрӯз, ҷудо (550 доллари ИМА)
5. Комроншоҳ Устопириён, ҷудо (550 доллари ИМА)
6. Даминов Шаҳриёр, қайиқронӣ (550 доллари ИМА)
7. Раҳимов Темур, ҷудо (500 доллари ИМА)
8. Мирмамадов Шакармамад, ҷудо (400 доллари ИМА)
9. Шарифова Гулсунбӣ, варзиши сабук (300 доллари ИМА)
10. Ҳалимова Моҳру, таеквондо ВТФ (300 доллари ИМА)
11. Икромов Муҳаммад, гуштини озод (250 доллари ИМА)
12. Ахмедов Мубинҷон, гуштини юнонӣ-римӣ (250 доллари ИМА)
13. Самадова Миҷгона, бокс (200 доллари ИМА)
14. Шомаҳмадов Муҳаммадҳасан, таеквондо ВТФ (200 доллари ИМА)
15. Ойматова Муниса, таеквондо ВТФ (200 доллари ИМА)

Ин рӯйхат барои мувофиқа ба Ҳамбастагии олимпӣ пешниҳод мегардад. Дар сурати дастгирӣ ёфтан, варзишгарони мазкур ҷиҳати тамрин, иштирок дар мусобиқаҳои интихобӣ ва омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Токио ҳар моҳ маблағи пешбинишударо дастрас менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Барномаи дастгирии молиявии варзишгарон – Токио-2020 аз сентябри соли 2017 то августи соли 2020 пешбинӣ шуда буд, вале бинобар сабаби ба соли 2021 гузаронидани Бозиҳои олимпӣ муҳлати барнома як сол тамдид карда шуд.