Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Муваффақияти Умед дар мусобиқаҳои маҷозии таеквондо

Муваффақияти Умед дар мусобиқаҳои маҷозии таеквондо Муваффақияти Умед дар мусобиқаҳои маҷозии таеквондо Муваффақияти Умед дар мусобиқаҳои маҷозии таеквондо

22.07.2020

: 1185

Бо сабаби авҷи вируси корона дар ҷаҳон бисёри мусобиқаҳои сатҳи байналмилаливу миллӣ барҳам дода шуданд ё ба вақти дигар гузаронида шуданд.

Варзишгарон бошанд, имкони машқу тамринро танҳо дар хона доштанд. Федератсияҳои ҷаҳонии варзишӣ барои гузаронидани баъзе чорабиниҳои маҷозӣ, ки бо иштироки як варзишгар сурат мегиранд, иқдом карданд.
Ташкилоти Таеквондои ҷаҳонӣ аз рӯи равияи пумсе, ки аз ҳаракатҳои танҳо як варзишгар иборат мебошад, чанд мусобиқаи онлайнӣ баргузор кард.
Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таеквондо (WT), дастпарвари Мактаби олии варзишӣ оид ба намудҳои таеквондо Умедҷон Саидуллозода дар ин мусобиқаҳо ширкат намуда, ба муваффақиятҳо ноил гардид.
Ба иттилои раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев, Умедҷон дар мусобиқаи онлайнии Перу, ки 19 июл бо иштироки варзишгарони 26 давлат баргузор шуд, ҷои аввалро ишғол кард. Аз ин пеш ӯ дар мусобиқаи онлайнии Эрон, ки 24 май бо иштироки варзишгарони 16 давлат ва 23 минтақаи Эрон сурат гирифт, ҷои сеюмро сазовор гардида, дар ду мусобиқаи маҷозии Британияи Кабир, ки аввали моҳи июл бо иштироки намояндагони беш аз 26 давлат доир гашт, мақоми чорумро ишғол намуд.

“Варзишгарони намуди олимпии таеквондо ба буҳрони ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, пайваста ба тамрин машғуланд ва ба мусобиқаҳо, ки баргузориашон охири имсол ва аввали соли 2021 ба нақша гирифта шудааст, омодагӣ мебинанд”, - иброз намуд Ҷ. Қармишев.