Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Бо ҳам қавитар” – мавзӯи Рӯзи ҷаҳонии ҷудо-2020

03.07.2020

: 1083

Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пешниҳод кард, ки ибораи “Бо ҳам қавитар” – дар ҷавоб ба пандемияи COVID-19 ва нажодпарастӣ – мавзӯи Рӯзи ҷаҳонии ҷудо дар соли 2020 мебошад.

Рӯзи ҷаҳонии ҷудо ҳар сол 28 октябр таҷлил мешавад. Соли гузашта мавзӯи вобаста ба ҳифзи муҳити зист пешниҳод гардида буд, ки дар натиҷа дар ҳар панҷ қитъаи олам беш аз 6000 ниҳол шинонида шуд.
Акнун мавзӯи соли 2020 ба он нигаронида мешавад, ки ҷомеаи ҷудоро муттаҳид созад, онҳоро аз сирояти пандемияи мавҷуд ва масъалаи нажодпарастӣ, ки чанде пеш сар зад, дар амон нигоҳ дорад.

“Дуруст аст, ки чораҳои эҳтиётӣ барои сироят наёфтан ногузир аст, дуруст аст, ки дар хона нишастан ва карантин дар сурати набудани ваксина даво маҳсуб меёбад, вале ҳамеша мо бо ҳам беҳтарем ва мо ҳамеша қавӣ хоҳем буд, агар якдигарро эҳтиром кунем”, - омадааст дар номаи IJF.