Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Рӯзи олимпӣ муборак!

23.06.2020

: 1579

Паёми шодбошии муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба муносибати Рӯзи байналмилалии олимпӣ

Муҳтарам варзишгарон, ҳамдиёрони азиз!

Рӯзи байналмилалии олимпиро, ки ҳар сол 23 июн дар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад, ба Шумо таҳният мегӯям.
Тоҷикистон чун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи олимпиро ҳамчун рӯзи баҳамоии аҳолӣ баҳри солимии тану ҷони худ ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим бо шаҳомати хоса таҷлил мекунад.
Вале бо сабаби пандемияи COVID-19 тантанаҳои имсолаи ин ҷашн тафовут дорад. Бо иқдоми Кумитаи байналмилалии олимпӣ беҳтарин варзишгарони ҷаҳон тариқи наворҳои видеоӣ ба муддати 24 соат тамрин мегузаронанд, ки ҳар кадоми Шумо – варзишгарон ва ҳаводорони варзиш имкон доред бо онҳо ҳамроҳ шавед. Наворҳои мустақими видеоӣ дар шабакаи Instagram қобили дарёфт аст.
Боиси хушҳоливу сарфарозии мост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус ва роҳбарии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро ба уҳда доранд. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат имрӯзҳо барои машқу омодагии ҷисмонии насли наврасу ҷавон тамоми шароитҳо муҳайё гардидааст. Худи ҳамин сол дар пойтахти кишвар Маҷмааи боҳашамати универсалии варзишӣ ва дар ноҳияи Мастчоҳ варзишгоҳи дорои 10000 ҷои нишаст ба истифода дода хоҳанд шуд, ки барои қабули мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ имкон фароҳам меоваранд.
Тавре Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон зикр кардаанд: “Варзиш барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмию тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дӯстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба халқу миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни халқу миллатҳо хизмат мекунад. Ҳаракатҳои оммавии варзишии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои ҷаҳонӣ борҳо собит намудаанд, ки варзиш дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ мебошад”.
Варзишгарон муаррифкунандагони Тоҷикистони маҳбуб дар арсаи байналмилалӣ ва намунаи ибрати насли наврасу ҷавон мебошанд. Имрӯз миллати тоҷик бо номи ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ – Дилшод Назаров, Юсуф Абдусаломов, Зебонисо Рустамова, Мавзуна Чориева ва Расул Боқиев ифтихор мекунанд.
Бо сабаби пандемияи COVID-19 Бозиҳои олимпии Токио ба соли 2021 таҳвил дода шуд. Умед мекунем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар наздиктарин фурсат бар муқобили ин бемории ҳамагир пирӯз меояд ва олами варзиш ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.
Ташаккур ба варзишгарон, ки дар шароити хона низ ба хотири нигоҳ доштани ҳолати ҷисмонӣ ба тамрин машғул мешаванд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша варзишгаронро дастгирӣ мекунад.
Солгарди 72-юми Рӯзи олимпиро бароятон бори дигар шодбош гуфта, бароятон саломатӣ ва дар корҳоятон муваффақият таманно мекунам. Тансиҳат ва фаъол бошед!