Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Cеминари омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиши Бохтар

Cеминари омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиши Бохтар Cеминари омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиши Бохтар Cеминари омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиши Бохтар

09.06.2020

: 1099

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар доираи Барномаи курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ барои маъмурони соҳаи варзиш семинари навбатии омӯзиширо доир намуд.

Ин навбат 20 нафар корманди масъули соҳаи варзиши минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз ҳисоби кормандони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, мактабҳои варзишӣ, омӯзгорони тарбияи ҷисмонии муассисаҳои таълимӣ се рӯз ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
5-7 июн кормандони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба иштирокчиёни семинар дар мавзуъҳои гуногун, мисли “Таърихи Бозиҳои олимпӣ”, “Асосҳои Ҳаракати олимпӣ ва Бозиҳои олимпии муосир”, “Масъулиятҳои Кумитаи байналмилалии олимпӣ, кумитаҳои миллии олимпӣ, федератсияҳои байналмилалӣ ва миллӣ”, “Бозиҳои варзишӣ”, “Арзишҳои олимпӣ”, “Кӯмак ба варзишгар”, “Ахлоқ дар варзиш”, “Маданият ва маърифати олимпӣ”, “Аҳамияти варзиш дар ҷомеа”, “Бозии одилона”, “Барномаҳои умумиҷаҳонии Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё”, “Созмон додани ҳайат ба Бозиҳои олимпӣ”, “Идоракунии ташкилотҳои варзишӣ”, “Банақшагирии сафари дастаи мунтахаб”, “Ташкил намудани чорабиниҳои варзишӣ” ва ғайра маърӯза хонданд.
Аз ҷумла, зикр шуд, ки хушбахтона дар кишвари мо роҳбарияти олӣ, аз ҷумла Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус доранд. Бо иқдоми Пешвои миллат ҳар сол дар ҷумҳурӣ Дави миллӣ баргузор мешавад, ки садҳо ҳазор нафар дар он иштирок мекунанд. Ҳамчунин, дар мувофиқа бо Сарвари давлат ҳар сол Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо ва Ҷоми Президент оид ба теннис миёни наврасон дар сатҳи баланд доир мегарданд. Бо Фармони Пешвои миллат соли 2015 Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис дода шуда, рӯзи шанбе рӯзи варзиш ва солимгардонӣ эълон шудааст.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолият аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ ширкат мекунад ва варзишгарони мо то имрӯз 4 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст овардаанд. Ҳамчунин, дастаи мунтахаби олимпии кишвар аз соли 1994 пайваста дар Бозиҳои Осиё ширкат мекунад ва то имрӯз 27 медал, аз ҷумла, 4 медали тиллоро созовор шудааст.
Чунин семинари омӯзишӣ моҳи апрел дар шаҳри Кӯлоб ва моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буданд. Давоми сол маъмурони соҳаи варзиши вилоятҳои Суғду Бадахшон ва шаҳру ноҳияи тобеи марказ низ дар доираи ин барнома ба омӯзиш фаро гирифта хоҳанд шуд.