Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Кӯмаки КМОТ барои мубориза бо COVID-19

18.05.2020

: 1248

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар пайравӣ ба иқдоми Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати мубориза бо пандемияи Covid-19 кӯмак намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми май як маоши худро барои мубориза бо ин беморӣ ҷудо намуд, ҳамчунин кӯмакҳои моддӣ аз номи Президенти ҷумҳурӣ ба ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ равона гардид. Дар пайравӣ ба иқдоми наҷиби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз ҳисоби маоши кормандон дар ҳаҷми умумии 11500 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси Вазорати молияи Тоҷикистон ҷиҳати мубориза бо пандемияи Covid-19 гузаронд.
Тибқи иттилои расмӣ дар ҳолати 17 май дар ҷумҳурӣ шумораи сироятёфтагон ба бемории ҳамагири Covid-19 ба 1524 нафар расида, 39 кас фавтидаанд.