Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати ҷаҳонии варзишҳои обӣ низ ба соли 2022 таҳвил дода шуд

04.05.2020

: 1240

Федератсияи байналмилалии варзишҳои обӣ (FINA) эълон кард, ки чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ, ки мебоист соли оянда дар шаҳри Фукуокеи Ҷопон доир мегашт, ба соли 2022 гузаронида шуд.

13-29 май, ба ҷои 16 июл 1 августи 2021, санаи нави баргузории чемпионат интихоб шуд. FINA ба он хотир чунин тасмим гирифт, ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020, бо сабаби пандемияи Covid-19, ба соли 2021 таҳвил дода шуд. Санаҳои баргузории бозиҳои олимпӣ – 23 июл – 8 август - ба чорабинии Фукуоке рост меомад.  
“Баъд аз ҳамкорӣ бо ҷонибҳои дахлдор мо бовар дорем, ки қарори қабулшуда шароити беҳтарро барои иштирокчиёни чемпионат фароҳам меорад”, - гуфтааст президенти FINA Ҷулио Маглион.
Чемпионати ҷаҳон оид ба варзишҳои обӣ миёни собиқадорон низ дар ҷазираи Кйусйуи Ҷопон аз 31 май то 9 июн ба нақша гирифта шудааст.
Варзиши сабуки ҷаҳонӣ қаблан қарор қабул карда буд, ки чемпионати ҷаҳон, ки 6-15 августи соли оянда дар Орегон ба нақша гирифта шуда буд, соли 2022 доир мегардад.