Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: аввалин ғалабаи “Душанбе-83” дар мавсим

27.04.2020

: 1225

Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

25 апрел ду вохурӣ доир гашт. “Истиқлол” дар майдони худ дастаи “Куктош”-ро бо ҳисоби калони 6:1 шикаст дод. Дар ҳайати дастаи Душанбе Рустам Соиров се гол, Манучеҳр Ҷалилов ду гол заданд. Бозингари тими меҳмон Холмурод Назаров як гол ба дарвозаи дастаи худаш, як голи дигар ба дарвозаи ҳариф зад.
Дар бозии дигар дастаи нави лигаи олӣ “Файзканд” дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бар дастаи “Истаравшан” ғалаба кард – 2:1. Голҳои дастаи ноҳияи Восеъро Ҷасур Қурбонов ва Анвар Муродов ба ҳадаф расониданд. Голи “Истаравшан”-ро Абдуқаҳор Қодиров ба номаш сабт кард.
Се бозии дигари даври чорум 26 апрел сурат гирифт. Дар пайи “Истиқлол” пешсафи дигари чемпионат - дастаи “Хатлон” ғолибият ба даст овард. Бохтариҳо дар меҳмонӣ бар дастаи “Локомотив-Помир” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд. Се голи “Хатлон”-ро Худойдод Узоқов зад. Дар ҳайати роҳи оҳанчиён Азизбек Ҳасанов ва Шаҳром Сулаймонов дурахшиданд.
Дастаи нави лигаи олӣ – “Душанбе-83” ғалабаи таърихиашро ҷашн гирифт. Душанбегиҳо дар бозии хонагӣ бар дастаи КМВА бо ҳисоби 2:1 зафар ёфтанд. Ду голи дастаи ғолибро Хуршед Абдуллоев ба номаш сабт кард. Голи ягонаи артишиҳоро Фирӯз Бобиев зад.
Баъд аз ду шикасти пайиҳам дар даврҳои аввали чемпионат дар даври навбатӣ “Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Дастаи соҳили дарёи Сир тавассути зарбаҳои нишонраси Санҷар Рихсибоев ва Дилшод Бозоров соҳиби се хол шуд. Голи дастаи шаҳри Турсунзодаро Диловаршо Ғаниев зад.
Ҳамин тариқ, пас аз чор давр дастаҳои “Истиқлол” ва “Хатлон” бо 10-холӣ дар садри ҷадвали чемпионат қарор доранд. Дар ҷои сеюм "Файзканд"-и ноҳияи Восеъ (8 хол) мавқеъ гирифтааст.
Акнун дар Чемпионати Тоҷикистон-2020, ба хотири пешгирии вируси COVID-19, то 11 май истироҳат эълон шуд.

Б      

Ғ      

М    

Б     

Т/Т       

Х      

1

«Истиқлол» (Душанбе)

4

3

1

0

17-3

10

2

«Хатлон» (Бохтар)

4

3

1

0

10-7

10

3

«Файзканд» (Восеъ)

4

2

2

0

7-5

8

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

2

1

1

8-6

7

5

«Куктош» (Рӯдакӣ)

4

1

2

1

5-7

5

6

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

1

1

2

7-6

4

7

«Локомотив-Помир» (Душанбе)      

4

1

1

2

6-8

4

8

«Душанбе-83» (Душанбе)

4

1

1

2

2-9

4

9

КМВА (Душанбе)

4

1

0

3

5-8

3

10

«Истаравшан» (Истаравшан)

4

0

0

4

3-11

0