Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Чемпионати Осиё оид ба бокс дар Ҳиндустон доир мешавад?

15.04.2020

: 1102

Федератсияи бокси Ҳиндустон (BFI) эълон кард, ки Чемпионати Осиё оид ба боксро соли равон мегузаронад.

Президенти BFI Аҷай Сингҳ ин иттилоъро зимни конфронси видеоӣ бо ҷонибҳои дахлдор ба миён гузошт.
Шаҳри мизбон феълан эълон нашудааст, вале умед ҳаст, ки мусобиқа моҳҳои ноябр ё декабр доир шавад. Ин дар ҳолест, ки дар ин кишвар беш аз 10500 нафар ба вирису Covid-19 гирифтор шудаанд ва 350 нафар аз ин вирус фавтидаанд.
Моҳи гузашта дар Ҳиндустон ба хотири пешгирии вирус ҳолати изтирорӣ эълон шуд. “Эълон кардани вазъияти фавқулодда ногузир буд, вале мо умед дорем, ки дар моҳи июн ҳамааш зери назорат гирифта хоҳад шуд”, - гуфтааст директори иҷроияи BFI П. Сачети.
Конфедератсияи бокси Осиё пас аз беҳтар шудани вазъи ҷаҳон дар робита ба COVID-19 дар ин бора расман хабар хоҳад дод.