Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷалби наврасон ба намуди олимпии таеквондо

Ҷалби наврасон ба намуди олимпии таеквондо Ҷалби наврасон ба намуди олимпии таеквондо

14.04.2020

: 1290

11-12 апрел дар шаҳри Турсунзода мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба таеквондо (WT) миёни наврасон баргузор шуд.

Тавре аз Федератсияи таеквондо (WT)-и кишвар хабар доданд, дар мусобиқа беш аз 126 варзишгар дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1, Хатлон-2, ШНТМ, ВМКБ ва Суғд иштирок карданд.
Мусобиқа миёни духтарону писарон тибқи қоидаҳои Ташкилоти Таеквондои ҷаҳонӣ (WT) дар се равия – пумсе, ТК-5 ва инфиродӣ - сурат гирифта, варзишгарони навраси дастаи Душанбе-1 бо ба даст овардани бештари медалҳо ҷои аввалро сазовор шуданд. Варзишгарони ШНТМ ҷои дуюм ва дастаи ВМКБ ҷои сеюмро ишғол карданд.
Мусобиқа бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасон ба намуди олимпии таеквондо ва муайян кардани беҳтаринҳо дар ин намуди варзиш доир гашт.