Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дучархаронҳо дар Хуҷанд сабқат карданд

Дучархаронҳо дар Хуҷанд сабқат карданд Дучархаронҳо дар Хуҷанд сабқат карданд Дучархаронҳо дар Хуҷанд сабқат карданд Дучархаронҳо дар Хуҷанд сабқат карданд Дучархаронҳо дар Хуҷанд сабқат карданд

14.04.2020

: 1157

11-12 апрел дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ва трек баргузор гардид.

Тавре аз Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз баргузор намудани мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалб намудани ҷавонон ба ин намуди варзиш мебошад.
Дар мусобиқа варзишгарон дар чор синну сол - 2002, 2003, 2004 ва калонсолон дар ҳайати панҷ даста – дудастаӣ аз Душанбею Суғд ва дастаи Хатлон сабқат карданд.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ

Шоҳроҳ
Мардҳо, 19-22-сола, 56км
1. Муҳаммадҷон Азизов (Душанбе)
2. Андрей Булаев (Душанбе)
3. Раҳим Аминов (Суғд)

Ҷавонписарон, 17-18-сола, 56км
1. Манучеҳр Абдуллоев (Суғд)
2. Акрам Орумбоев (Душанбе)
3. Исфандиёр Ҳасанов (Душанбе)

Наврасон, 14-16-сола, 36км
1. Султонмурод Бурҳонов (Суғд)
2. Фирдавс Қодиров (Суғд)
3. Иброҳим Абдуҷалилов (Суғд)

Духтарон, 28км
1. Екатерина Ҷамолиддинова (Душанбе)
2. Аннасултон Амонова (Хатлон)
3. Камила Ҷамолиддинова (Душанбе)

Ҳамчунин, дар трек ғолибону ҷоизадорон муайян ва бо медалу дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравии Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадродонӣ гардиданд.