Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Беҳтарин самбочиён муайян шуданд

13.04.2020

: 1433

Ба авҷ гирифтани бемории ҳамагири Covid-19 дар ҷаҳон нигоҳ накарда, мусобиқаҳои варзишӣ дар Тоҷикистон аз рӯи нақша ҷараён доранд. Дар кишвари мо тибқи маълумоти расмӣ то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ ба вируси Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Аз ҷумла, 11-12 апрел дар шаҳри Душанбе, дар толори Маркази омодагии дастаҳои мунтахаб, Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо миёни мардон баргузор шуд. Дар мусобиқа 165 варзишгар дар ҳайати 7 даста, дудастаӣ аз Душанбею Хатлон, дастаҳои Суғд, ВМКБ ва ШНТМ иштирок карданд. Қувваозмоиҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) аз рӯи 9 категорияи вазнӣ сурат гирифт.
Дар 5 вазн варзишгарони дастаи дуюми пойтахт, дар 2 вазн намояндагони вилояти Суғд, дар яквазнӣ варзишгарони Хатлон-2 ва ВМКБ ғолиб омаданд.

Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо миёни мардон-2020

Вазни -52кг
1. Сомон Сангов (Душанбе-2)
2. Талабшо Мунавваров (Душанбе-2)
3. Ҳукуматалӣ Сафарбеков (Душанбе-2)
3. Эҳсомиддин Исматов (Душанбе-2)

Вазни -57кг
1. Акмалиддин Каримов (Душанбе-2)
2. Ҷомии Ҳасан (Душанбе-2)
3. Мақсуд Куканшоев (ВМКБ)
3. Аминҷон Холов (Хатлон-2)

Вазни -62кг
1. Сорбон Латифов (Хатлон-2)
2. Меҳрзод Суфиев (Суғд)
3. Худойбахш Сулаймонов (ВМКБ)
3. Боқӣ Валимуҳаммад (Суғд)

Вазни -68кг
1. Муҳаммадисо Раҷабов (Душанбе-2)
2. Сорбон Сулаймонов (Душанбе-1)
3. Фирӯз Муъминов (Душанбе-2)
3. Зафар Алиев (Душанбе-2)

Вазни -74кг
1. Деваштич Убайдӣ (Душанбе-2)
2. Сайриддин Шоев (ШНТМ)
3. Садам Каримов (Суғд)
3. Мирзоҷамил Рамазонов (Душанбе-2)

Вазни -82кг
1. Ҳамроз Раҷабов (Суғд)
2. Хисрав Аламов (ШНТМ)
3. Суруш Каримов (Суғд)
3. Ҳақназар Назаров (ШНТМ)

Вазни -90кг
1. Комроншоҳ Устопириён (Суғд)
2. Зафар Олимшоев (Душанбе-2)
3. Далер Бурунов (ВМКБ)
3. Комрон Карликов (Хатлон-1)

Вазни -100кг
1. Мақсад Бердиев (ВМКБ)
2. Довуд Фатҳуллозода (Душанбе-2)
3. Азимҷон Бегиҷонов (Душанбе-2)
3. Ҷамшед Наимов (Хатлон-1)

Вазни +100кг
1. Хуршед Маҷидов (Душанбе-2)
2. Одилҷон Сафаров (Душанбе-2)
3. Фарёд Шайхов (ВМКБ)
3. Диловари Сабриддин (Душанбе-2)