Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

“Хуҷанд” ва “Истиқлол” Чемпионати Тоҷикистонро бо ғалаба оғоз карданд

09.04.2020

: 1024

Пешсафони лигаи олии футболи кишвар – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” мавсими нави чемпионати кишварро бо пирӯзӣ оғоз карданд.

“Хуҷанд” дар меҳмонӣ бар дастаи КМВА бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати тими ғолиб Андрей Сидоров, Хуршед Бекназаров ва Манучеҳр Аҳмадов дурахшиданд. Голи дастаи артишро Шодибек Ғаффоров ба номаш навишт.
Дар бозии ниҳоии даври аввал “Истиқлол” ба дарвозаи дастаи нави лигаи олӣ – “Душанбе-83” 7 голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов 3 гол, Шериддин Бобоев 2 гол, Алишер Ҷалилов ва Ваҳид Оразсахидов якголӣ заданд.
Бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 11-12 апрел сурат мегиранд. 11 апрел «Файзканд» бо «Регар-ТадАЗ», «Истаравшан» бо «Куктош», «Локомотив-Помир» бо «Душанбе-83», 12 апрел «Хуҷанд» бо «Хатлон», «Истиқлол» бо КМВА вомехуранд.